ДИИШ 147 ҳазор хонаро дар Ироқ вайрон кард
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i44061-ДИИШ_147_ҳазор_хонаро_дар_Ироқ_вайрон_кард
Раиси Сандуқи ободонии манотиқи озодшудаи Ироқ аз терроризм гуфт, 147 ҳазор хона дар ҳамалоти гурӯҳи террористии ДИИШ ба Ироқ осеб дида ва ё ба таври комил тахриб шудааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 27, 2019 19:48 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ 147 ҳазор хонаро дар Ироқ вайрон кард

Раиси Сандуқи ободонии манотиқи озодшудаи Ироқ аз терроризм гуфт, 147 ҳазор хона дар ҳамалоти гурӯҳи террористии ДИИШ ба Ироқ осеб дида ва ё ба таври комил тахриб шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Анадолу” –и Туркия, Мустафо Алҳити афзуд, бештари ин хонаҳо дар ғарбу шимоли Ироқ аст.

Раиси Сандуқи ободонии манотиқи озодшудаи Ироқ аз терроризм афзуд, 40 дарсад аз ин хонаҳо дар ҳамалоти ДИИШ комилан тахриб шудааст.

Шаҳри Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ дар ҳамалоти ваҳшёнаи ДИИШ бештарин хисоратро дид.

Давлати Ироқ дар декабри соли 2017 пирӯзии ин кишварро бар террористҳои ДИИШ эълом кард.