Июн 01, 2019 14:35 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи Қудс, Муқовимат, нобудкунандаи тарҳи

Конфронси байналмиллалии ҳимоят аз интифозаи миллати Фаластин бо суханронии дабири Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳимоят аз Муқовимат дар шаҳри Ғазза баргузор шуд.

Конфронси байналмиллалии ҳимоят аз интифозаи миллати Фаластин як рӯз қабл аз рӯзи ҷаҳонии Қудс ва бо ҳадафи ҳимоят аз Муқовимат  дар баробари тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" дар шаҳри Ғазза баргузор шуд. Дар ин конфронс, фармондеҳони муқовимати Фаластин ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эронро аз Муқовимат сутуданд ва ин ҳимоятро сабаби  тақвияти Муқовимат дар баробари режими саҳюнистӣ донистанд.

Яҳё Синвар раиси Дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар борикаи Ғазза дар конфронси байналмиллалии  ҳимоят аз интифозаи миллати Фаластин гуфт, агар ҳимоятҳои Эрон набуд, имрӯз Муқовимати исломии Фаластин чунин қудрате надошт.

Алӣ Шамхонӣ дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон ҳам дар ин конфронс гуфт, ҷумҳурии исломии Эрон ба рағми ҳамаи мушкилот ва таҳримҳо ба ҳимоят аз гуруҳҳои Муқовимат ба вижа дар Фаластин  идома медиҳад.

Муқовимати Фаластин ин рӯзҳо арсаро бар режими саҳюнистӣ танг кардааст, ба наҳве, ки ҳарбор ин режим ҷангеро дар борикаи Ғазза шуруъ мекунад ба суръат онро мутаваққиф кардааст.

Ҳамакнун таъсиргузории Муқовимати Фаластин беш аз гузашта аст ва нобасомонии сиёсӣ дар Фаластини ишғолӣ ва нотавонии Бенямин Натанияҳу дар ташкили кабина ҳам паёмадҳои таъсиргузории Муқовимати Фаластин буда, ки насл ба насл тақвият шудааст.

Истиқомат ва пойдории миллати Фаластин  ва ба вижа ҳимояти Эрон аз онон муодилотро ба нафъи фаластиниён тағйир додааст ва тадовуми ин фароянд масирро барои иҷрои тарҳи амрикоҳии "Муомилаи қарн" низ номумкин хоҳад кард.

Эрон пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ бо номгузории охирин ҷумъаи ҳар моҳи мубораки Рамазон ба унвони рӯзи ҷаҳонии қудс нишон дод, дар ҳимоят аз ҳуқуқ ва ормони Фаластин пешқадам аст ва дар масъалаи Фаластин ҳозир ба муомила нест.

Эрон дар 40 соли гузашта ҳамвора дар маҳфилҳои сиёсӣ ва депломатик аз ҳуқуқи мардуми Фаластин ва Қудс ҳимоят карда ва пуштибони маънавӣ ва модии гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ будааст.

Дар ҳамин замина Саид Абдулмалик Бадруддин Алҳувси дабири кулли Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман панҷшанбешаб бо баёни инки Эрон ҳомии аслии Муқовимати Фаластин ва Лубнон аст, гуфт, номгузории охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон аз сӯи имом Хумайнӣ (раҳ) ба унвони рӯзи ҷаҳонии Қудс иқдоме ҳакимона буд.

Тақвияти гуруҳҳои муқовимат, озодии Фаластин ва шикасти режими саҳюнистиро боварпазир кардааст.

Акнун низ ҳимоят аз муқовимати Фаластин бо таваҷҷуҳ ба талоши Амрико ва бархе режимҳои арабӣ барои иҷрои тарҳи "Муомилаи қарн" беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳ аст.

Дар ҳамин замина Зиёд Алнахола дабири кулли Ҷунбиши ҷаҳоди исломии Фаластин дар конфронси байналмиллалии ҳимоят аз интифозаи мардуми Фаластин дар Ғазза бо таъкид бар инки тарҳи амрикоҳии "Муомилаи қарн" сароғози сайтара бар ҳамаи кишварҳои исломӣ аст гуфт, дар чунин шароите Муқовимат бар ҳамаи мусалмонони ҷаҳон воҷиб аст.

Таҷрибаи тарҳҳои гузашта барои ҳалли масъалаи Фаластин нишон додааст, ки дар сояи Муқовимат ҳеҷ ҳаққе аз фаластиниён қобили чашмпушӣ нест.

Бо таваҷҷуҳ ба ин таҷрибаи арзишманд, акнун тарҳи "Муомилаи қарн", ки ҳеҷ ҳаққе барои ормони Фаластин ва ҳатто оворагони фаластинӣ қоил нест муқовимат ва ҳимояти ҳамаҷониба аз он танҳо роҳи мубориза бо ин тарҳ аст.

Дар чунин шароите рӯзи ҷаҳонии Қудс имсол бо шиори "шикасти Муомилаи қарн ва тасбити ормони Фаластин" рӯзе муҳим барои намоиши садое воҳид дар ҳимоят аз Муқовимати Фаластин аз Эрон то дигар кишварҳои исломӣ ва ҳатто кишварҳои аврупоӣ ва амрикоӣ аст.

Барчасп