Июн 01, 2019 18:06 Asia/Dushanbe
  • Созмони Ҳамкории Исломӣ Қудс ва Ҷавлонро сарзаминҳои ишғолӣ эълом кард

Иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ рӯзи шанбе бо судури баёнияе ба кори худ дар Макка поён дод ва аз Қудс ва Ҷавлон ба унвони заминҳои ишғолии арабӣ ном бурд.

Ба гузориши ИРНА, Созмони Ҳамкории Исломӣ эълом кард, ҳар гуна тасмими ғайриқонунӣ ва ғайримасъулонае, ки Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият бишносад, мардуд аст.

Ин баёния аз Қудс ба унвони пойтахти кишвари Фаластин ном бурда ва таъкид кардааст, Созмони Ҳамкории Исломӣ бар ҳаққи фаластиниҳо барои таъйини сарнавишт ва ташкили кишвари мустақили Фаластини ба пойтахтии Қудси шариф ва лузуми ҳимоят аз ҳаққи бозгашти оворагон таъкид мекунад.

Ҳамчунин дар ин баёния омадааст: Сулҳ ва амният дар минтақаи Ховари Миёна ба унвони як гузинаи роҳбурдӣ, ҷуз бо хуруҷи комили Исроил аз сарзаминҳои ишғолии 1967 –и Фаластин ва дар садри он Қудси шариф, амалӣ нахоҳад шуд.

Созмони Ҳамкории Исломӣ Ҷавлони Сурияро сарзамини ишғолии арабӣ донист ва хостори ба расмият нишинохтани тасмими Амрико дар хусуси пайвастани Ҷавлон ба Исроил шуд.

Чаҳордаҳумин иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ бомдоди шанбе дар Макка бо ҳузури шуморе аз сарони кишварҳои узви ин созмон баргузор шуд.

 

Барчасп