Абубакри Бағдодӣ аз Ховари Миёна гурехт
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i44179
Маҷаллаи фаронсавии “Жён Африк” ба нақл аз чанд манбаи “иттилоотӣ” навишт, ки Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ ба Либия фирор карда ва дар ин кишвар мустақар аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 01, 2019 19:33 Asia/Dushanbe
  • Абубакри Бағдодӣ аз Ховари Миёна гурехт

Маҷаллаи фаронсавии “Жён Африк” ба нақл аз чанд манбаи “иттилоотӣ” навишт, ки Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ ба Либия фирор карда ва дар ин кишвар мустақар аст.

Ба гузориши ИСНА, Тунис иттилооте аз эътилофи байналмилалии ба истилоҳ “зидди ДИИШ” дар Ироқу Сурия, дар хусуси ҳузури Бағдодӣ дар Либия дарёфт кардааст ва ба ҳамин далел мақомоти тунисӣ нерӯҳои мусаллаҳи мустақар дар марзҳои ин кишвар бо Либияро ба ҳолати омодабош даровардаанд.

Пештар ҳам манобеи тунисӣ эълом карда буданд, ки саркардаи ДИИШ пас аз шикасти сангини нерӯҳояш дар охирин паноҳгоҳашон дар минтақаи Боғузи Сурия, ба Либия паноҳ бурдааст.

Ҳамчунин тибқи гузориши расонаҳо, нерӯҳои англисии мавҷуд дар Либия пас аз дарёфти иттилооте мабнӣ бар ҳузури Бағдодӣ дар ин кишвар, теъдоде аз низомиёни худро аз Либия хориҷ кардаанд.