Сентябр 19, 2016 12:07 Asia/Dushanbe
  • Вуруди корвони кумакҳои инсонӣ ба шаҳри Муаззамияи Сурия

Корвони ҳомили кумакҳои инсонии барномаи ҷаҳонии ғизо, ЮНИСЕФ ва Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ вориди шаҳри Муаззамия воқеъ дар ҷануби Сурия шуд.

Сом Карбуҷ, раиси Шӯрои шаҳри Муаззамия дар гуфтугӯ бо хабаргузории давлатии Сурия (Сана) бо ишора ба вуруди шашумин корвони ҳомили кумакҳои инсонӣ бо назорати Ҳилоли Аҳмари Сурия ба шаҳри Муаззамия, шомгоҳи якшанбе эълом кард, ин кумакҳо шомили ақломи имдодӣ, ғизоӣ ва колоҳои мавриди ниёзи мардум аст, ки тибқи листи мавҷуд ва таҳти назорати Шӯрои шаҳр ва Кумитаи оштии миллӣ дар байни онон тавзеъ мешавад .

Устондории Димишқ бо ҳамкории Кумитаи фаръии кумак, аз ибтидои соли ҷорӣ ҳазорон сабади ғизоӣ ва беҳдоштиро ба ин шаҳр фиристодааст.  

Дар моҳи ҷорӣ даҳҳо тан аз афроди мусаллаҳи ин шаҳр пас аз таслими силоҳҳои худ афв ва озод шуданд. Аз ин рӯ, давлати Сурия ин иқдомро дар чорчуби талошҳо барои таҳаққуқи комили оштии миллӣ дар шаҳр ва ҳифозат аз тамоми шаҳрвандони Сурия анҷом медиҳад .

Имдодрасонӣ ба шаҳрҳои муҳосира шудаи Сурия яке аз мафоди аслии тавофуқи миёни Амрико ва Русия барои иҷрои оташбас дар Сурия будааст, аммо Созмони милал мегӯяд, ки ҳануз бист мошини боркаши ҳовии ғизо ва дору, ки қарор буд, барои кумак ба 250 ҳазор саканаи ғайринизомӣ дар шарқи Ҳалаб эъзом шавад, вориди Сурия нашудааст.