Шаҳодати садҳо фаластинӣ аз замони рӯи кор омадани Трамп дар Амрико
Як маркази пажӯҳишҳои фаластинӣ эълом кард: Пас аз рӯи кор омадани Доналд Трамп дар Амрико ва интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудси ишғолӣ ба унвони пойтахти Исроил, беш аз 440 фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнистӣ шаҳид шуданд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 14 май дар иқдоме хилофи қонунҳои байналмилалӣ сафорати ин кишварро аз Тел-Авив ба Қудс мунтақил кард, ки ин иқдом бо вокуниши бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мувоҷеҳ шуд.
Бино бар эъломи маркази "Қудс", вижаи пажӯҳишҳои Фаластин фақат дар моҳи майи 2019 36 фаластинӣ шаҳид шуданд, ки 6 нафари онҳо дар роҳпаймоии "Ҳаққи бозгашт" ва 28 нафари бақия дар пайи ҳамлаи дурӯзаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза шаҳид шудан.
Вазорати беҳдошти Фаластин ҳам эълом кард, аз оғози роҳпаймоии бузурги "Ҳаққи бозгашт" дар тӯли марзи шарқии борикаи Ғазза бо Фаластини ишғолӣ, 305 фаластинӣ шаҳид ва 17335 нафар захмӣ шудаанд.