Июн 07, 2019 18:50 Asia/Dushanbe
  • Як мақоми собиқи саҳюнист: Тел-Авив аз ҳамла ба Ғазза метарсад

Генерал Яир Гулон, муовини раиси Ситоди кулли артиши режими саҳюнистӣ таъкид кард: Ҳарчанд ишғоли навори Ғазза имконпазир аст, аммо аз ҷанг алайҳи Ғазза ва хисоратҳои он метарсем.

Генерал Яир Гулон дар мусоҳиба бо шабакаи ҳафти телевизиони Исроил дар посух ба ин суол, ки чаро Исроил вориди Ғазза намешавад ва онро ишғол намекунад, гуфт: Ҳарчанд ишғоли навори Ғазза имконпазир аст, аммо аз ҷанг алайҳи Ғазза ва хисоратҳои он метарсем.

Муовини собиқи раиси Ситоди кулли артиши Исроил афзуд: Мо фурсати зиёде ба душман намедиҳем. Набард дар Ғазза осон нест ва ҷанг дар ин макони бисёр пурҷамъият аз тариқи ҳаво сурат мегирад.

Яир Гулон таъкид кард: Намедонем пас аз вуруд ба Ғазза чӣ иттифоқе рух медиҳад. Ин як муодилаи мубҳам ва номаълум аст ва ба фарзи ин, ки вориди Ғазза шавем, аммо даргирӣ дар ин минтақа тӯлонимуддат хоҳад шуд ва ин иқдоми дурусте нест. 

Барчасп