Сентябр 19, 2016 18:33 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти Арабистон ба Яман

Ҳавопаймоҳои мутаҷовизи Арабистон дар чанд навбат Санъо-пойтахт ва шаш устони дигари Яманро бомбаборон карданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмайсараи Яман, ҳавопаймоҳои Арабистон аз шаби гузашта, то субҳи имрӯз (душанбе) Санъо (пойтахт), шаҳрҳои Умрон, Саҳор, Алсафро ва манотиқи мухталифи устони Саъда, дар шимоли ин кишварро бомбаборон карданд.

Аз сӯи дигар Вазорати дифои Яман бо интишори тасовире эълом кард, неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, дар чорчӯби муборизаи мустамар бо мутаҷовизон, бо ҳамлаи ҷадиди саудиҳо ба шарқи минтақаи Алсирвоҳ дар устони Маариб муқобила карданд.

Неруҳои Яман ҳамчунин бар омодагии комили худ барои муқобилаи мустамар бо мутаҷовизони саудӣ, то расидан ба пирӯзии ниҳоӣ ва берун рондани мутаҷовизон аз кишвар таъкид карданд.

 Яман аз 1,5 қабл, токунун мавриди ҳамла ҳавоӣ ва заминии Арабистон ва муздуронаш қарор дорад, ки бар асари он даҳ ҳазор тан кушта, ҳазорон тан захмӣ ва садҳо ҳазор тани дигар овора шуданд.