Таҳлилгари араб: гадоии Трамп барои музокира бо Эрон
Як таҳлилгари баландпояи ҷаҳони араб тасреҳ кард, эрониён мардоне воқеӣ ҳастанд ва давлати Трамп ба хотири муқовимати эрониёҳо ба гадоии музокира афтодааст.
Абдулборӣ Атвон сардабири рӯзномаи Раъюлявм навиш, эрониён мардоне воқеӣ ҳастанд, ки на танҳо дар баробари шартҳои Амрико таслим нашуда ва намешаванд, балки коре кардаанд, ки Вашингтон барои гуфтугӯ бо Теҳрон гадоӣ кунад.
Абдулборӣ Атвон афзуд, Аморат, Арабистон ва Норвегия, ки нафткашҳои онҳо дар бандари Алфуҷайра таркид, як моҳ пас аз таркиш гузориши аввалияе ба Шурои Амнияти Созмони Миллал ироа карданд. Масъалаи қобили таваҷҷуҳ дар ин гузориш ин аст, ки онҳо ба ҳеҷ унвон ба Эрон ишора накарданд ва гуфтанд бархе тарафҳои ношинос иқдом ба ин ҳамла карданд. Чаро онҳо ба номи Эрон ишора накарданд? онҳо гуфтанд, ки фақат як кишвар метавонад чунин ҳамлае анҷом диҳад. Чаро ин кишвар ношинос аст? Помпео муддаӣ шуда буд Эрон ин ҳамларо анҷом додааст. Болтон ҳам гуфта буд ҳамаи гумоназаниҳо алайҳи Эрон аст. Пас чаро онҳо тарсиданд номи Эронро бибаранд? онҳо ба ду иллат тарсиданд: иллати аввал ин аст, ки онҳо далелҳои кофӣ надоранд чун амалиёт бисёр бо диққат анҷом шуда буд. Онҳо агар бихоҳанд ба нафткашҳои ҳомили нафт ҳамла кунанд, боиси эҷоди буҳрон дар минтақаи Халиҷи Форс хоҳанд шуд. Тасавур кунед чаҳор нафткаши ғулпайкар таркид. Ғаввосон ба ин нафткашҳо расиданд ва дар онҳо мина қарор доданд ва нафткашҳоро тарконданд.Ғавосон ба ин нафткашҳое, ки ҳомили нафт набуданд, ҳамла накарданд. Онҳо амдан тавре ҳамла карданд, ки ҳеҷ нафте аз нафткашҳо нашт накунад. Инҳо паём аст. Ғавосон иқдом ба ин ҳамалот карданд ва бо қайқҳои тундрав ба ақиб бозгаштанд ва ҳеҷ кас онҳоро расад накард. Шумо ки садҳо миллиард доллар барои дастгоҳҳои радар ва барои расад кардан ва бадаст овардани иттилоот ҳазина мекунед, читавр ин қайқҳои тундравро надидед? фоидаи ин силоҳҳо ва радарҳо ва миллиардҳо долларе, ки талаф мекунед, чист?
Сардабири рӯзномаи Раъюлявм афзудааст, масъалаи дуввум ин аст, ки агар онҳо бигуянд Эрон ин ҳамалотро анҷом додааст дар ин сурат Амрико бояд посух диҳад, дар ин сурат ҳамаи ҳавопаймоҳо, киштиҳо ва нафткашҳои ин кишвар хоҳаyд таркид. Ин як паём буд, мабнӣ бар ин мо тавонистем ба чаҳор нафткаш бирасем ва масъала тамом шуд. Ҳамаи минтақаи Халиҷи Форс пур аз нафткаш аст. Агар онҳо Тангаи Ҳурмузро набанданд дар ин сурат нафткашҳоро вайрон мекунанд. Дар ин сурат Амрико мехоҳад чи кор кунад? амрикоиҳо тарсидаанд. Амрико акнун барои гуфтугӯ гадоӣ мекунад, Эрониён мард ҳастанд. Онҳо мегуянд мо намехоҳем бозича бошем ва бо шумо гуфтугӯ кунем. Бояд дар марҳилаи нахуст таҳримҳоро бекор кунед. Мо дар бораи масъалаи мушакҳои балстик ба ҳеҷ унвон музокира намекунем ва бояд Амрико ба тавофуқи ҳастаӣ бозгардад. Касе ки қавӣ бошад шартҳои худро таҳмил мекунад. Аммо мо арабҳо фармонбар ва муздур ҳастем. Ин фоҷеае аст, ки мо бо он ру ба ру ҳастем. Эрониён тазоҳуроти рӯзи Қудсро барпо карданд. Миллионҳо нафар дар ин рӯз тазоҳурот карданд. Аммо мо Қудс ва Фаластинро фаромуш кардаем. Онҳо мегуянд низоъ миёни Фаластин ва Исроил аст. Онҳо барои иҷрои муомилаи қарн басиҷ шудаанд ва мехоҳанд нишасте дар ин замина дар Манома баргузор кунанд, аммо акнун фаҳмидаанд, ки ҳеҷ кас дар ин нишаст ширкат намекунад. Онҳо фаҳмиданд пеш аз он ки дар Баҳрайн гирди ҳам оянд, меҳвари муқовимат муомилаи қарнро нобуд кард. Ин мардонагӣ аст. Онҳо комилан муомилаи қарнро бекор карданд. Мушакҳои Муқовимат ва суханронии саид Ҳасани Насруллоҳ дар рӯзи ҷаҳонии Қудс муомилаи қарнро комилан бекор ва нобуд кард.