Июн 16, 2019 17:41 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 3 кӯдаки яманӣ дар ҳамлаи ҷангандаҳои саудӣ ба Ҳаҷҷа

Дар ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба вилояти Ҳаҷҷа, дар ғарби Яман, се кӯдаки яманӣ ҷон бохтанд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи “Алмасира”, дар ин ҳамла манзили яке аз сокинони шаҳраки Абас дар Ҳаҷҷа» мавриди ҳадаф қарор гирифт, ки илова бар кушта шудани ин се кӯдак, як зани яманӣ низ захмӣ шуд.

Бар асоси ин гузориш, эҳтимоли афзоиши шумори қурбониёни ин ҳамла вуҷуд дорад.

Мутаҷовизони саудӣ имрӯз (якшанбе) ҳамчунин манотиқи мухталиферо дар вилоёти Алҳудайда, Санъо ва Саъдаи Яман бомбаборон карда ва ё ҳадафи ҳамалоти тӯпхонаӣ худ қарор доданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо тан сабаб шудааст.