Тасвиби тарҳи сохти шаҳраки Трамп дар Ҷавлони ишғолӣ
Кабинаи режими Саҳюнистӣ сохти шаҳраки нави Трамп ро дар Ҷавлони ишғолӣ тасвиб кард.
Ба гузори маркази иттилоърасонии Фаластин, Кабинаи режими Саҳюнистӣ дар нишасти рӯзи якшанбе бо тасвиби сохти шаҳраки Трамп эълом кард, ин шаҳрак ро ба хотири қадрдонӣ аз иқдоми Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар заминаи шиносоии ҳокимияти исроил бар баландиҳои ишғолии Ҷавлон ба исми Ӯ номгузорӣ кардааст.
Бинёмин Натаняҳу нахуствазири исроил тасвиби тарҳи сохти шаҳраки Трамп ро рӯзи таърихӣ хонд ва иддаъо кард, Ҷавлон то абад мутаалиқ ба Исроил хоҳад буд.
Дар маросими тасвиби тарҳи сохти шаҳраки Трамп,илова бар Натаняҳу ва ҳамсараш, Девид Фридмен сафири Амрико дар Фаластини ишғолӣ низ ҳузур дошт.
Доналд Трамп моҳи марти 2019 ҳокимияти Исроил бар баландиҳои ишғолии Ҷавлон ро ба расмият шинохт,ки ин иқдом бо интиқод ва маҳкумияти густардаи ҷаҳонӣ ҳамроҳ буд.
Баландиҳои Ҷӯлон то соли 1967 дар хоки Сурия қарор дошт.
Ин минтақа,ки дар соҳили шарқии дарёчаи Ҷалил воқеъ шуда дар ҷанги шаш рӯзаи арабҳо ва Исроил дар соли 1967 ба тасаруфи Исроил даромад ва баъд замимаи заминҳои ин режим шуд,ки ин иқдом то кунун аз сӯи ҷомиъаҳои байналмиллал ба расмият шинохта нашудааст.