Июн 18, 2019 18:40 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман: Фурудгоҳи Абҳои Саудӣ фалаҷ шудааст

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард, амалиёти дифоӣ алайҳи таҷовузоти эътилофи Саудӣ идома дораду дар натиҷаи ҳамалоти паҳподӣ ба фурудгоҳи Абҳои Саудӣ вазъияти ин фурудгоҳ аз ҳолати табиӣ хориҷ шудааст.

Яҳё Сареъ, сухангӯи фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, амалиёти дифоии Яман идома дорад ва бо ташдиди ҳамалоти режими Саудӣ бештар ҳам хоҳад шуд.

Эътилоф дар ду рӯзи гузашта 41 ҳамла ба Яман дошта, ки тайи онҳо чандин нафар куштаву захмӣ шудаанд.

Бар асоси гузориши шабакаи «Алмасира», Сареъ идома дод, фурудгоҳи Абҳо фалаҷ шуда ва бо амалиёти низомии нерӯи ҳавоӣ (артиши Яман) ҳолати табиии худро аз даст додааст. Вай сипас тасреҳ кард, ҳамалоти паҳподии артиши Яман дар дишаб ва бомдоди имрӯз идома дошт ва бо диққат ба аҳдоф бархӯрд кард. Сареъ таъкид кард, нерӯҳои мусаллаҳ се амалиёти мутаволӣ анҷом доданд.

Шабакаи хабарии “Алмасира” бомдоди имрӯз хабар дод, ки артиши Яман амалиёти густардаеро бо истифода аз паҳпод алайҳи фурудгоҳи Абҳо анҷом додааст.

Дирӯз сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳушдор дод, ки фурудгоҳҳои Абҳо, Ҷайзону Наҷрон ба фурудгоҳҳои ноамн табдил шудаанду ба хотири идомаи ҳамалоту муҳосираи золимонаи миллати Яман ва истифода аз ин фурудгоҳҳо барои ҳамалоти низомӣ ба сурати мураттаб ҳадаф қарор хоҳанд гирифт. Ягони паҳподӣ ва мушакии Яман дар посух ба ҳамалоти мудовими эътилофи мутаҷовиз ҳудуди 10 амалиёти паҳподӣ ва мушакӣ алайҳи фурудгоҳҳои Саудӣ ва таъсисоти нафтии ин кишвар танҳо дар як моҳи ахир анҷом додааст.