Писари Мурси; Алсиси масули марги падарам аст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i44597-Писари_Мурси_Алсиси_масули_марги_падарам_аст
Абдуллоҳ писари Муҳаммад Мурси, раиси ҷумҳури барканор шудаи Миср давлати Алсиси раиси ҷумҳури кунунии ин кишвар ро масули марги падараш донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 22, 2019 05:03 Asia/Dushanbe
  • Писари Мурси;  Алсиси масули марги падарам аст

Абдуллоҳ писари Муҳаммад Мурси, раиси ҷумҳури барканор шудаи Миср давлати Алсиси раиси ҷумҳури кунунии ин кишвар ро масули марги падараш донист.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Абдуллоҳ Мурси шаби ҷумъа дар Твиттер навишт, Абдулфаттоҳ Алсиси ва масулони ҳукумати вай масули қатли падарам ҳастанд.

Мурси асри душанбе ҳангоми баргузории ҷаласаи муҳокимааш дар додгоҳ беҳуш ва пас аз он ҷон дод.

 Пас аз даргузашти Мурси, Вазорати кишвари Миср ҳолати омодабоши  фавқулода дар ин кишвар эълом кард.

Шабакаи Алҷазираи Қаттар эълом кард, раиси ҷумҳури барканор шудаи  Миср дар ҷаласаи қаблии додгоҳ,ки 7 уми моҳи май баргузор шуд гуфта буд, хатаре ҷонаш ро таҳдид мекунад.

Созмони Дидабони ҳуқуқи башар низ душанбе шаб дар баёнияе эълом кард, давлати кудаточии Миср масули марги Муҳаммад Мурси, раиси ҷумҳури махлуъи ин кишвар аст.

Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Миллал ҳам рӯзи сешанбе бо машкук хондани марги Мурси, таҳқиқоти мустақилро дар ин замина хостор шуд.

Абдулфаттоҳ Алсисӣ,дар соли 2013 бо як кудатои низомӣ, Мурси раиси ҷумҳури қонунии Миср ро аз қудрат барканор кард. Алсиси дар он замон Вазири дифоъ буд.

Алсиси пас аз кудато алайҳи Мурси дар як интихоботи фармоишӣ дар соли 2014 қудратро дар Миср дар ихтиёр гирифт.