Сентябр 20, 2016 17:50 Asia/Dushanbe
  • Амрико, бузургтарин ноқизи оташбаси Сурия

Намояндаи пешини Парлумони Сурия, Амрикоро ноқизи оташбас дар Сурия донист.

Заҳир Алтроф, намояндаи пешини Парлумони Сурия ва коршиносони масоили сиёсӣ рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним гуфт, амрикоиҳо дар ҳоле, ки муддаии мубориза бо террористҳо ҳастанд, ки иқдом ба бомбборони мавозеи артиши Сурия карданд.  

Ин коршиноси масоили сиёсии Сурия тасреҳ кард, ончи равшан аст, инки ҳадафи Амрико аз ҳамла ба пойгоҳи артиши Сурия дар Дейрулзӯр, интиқом гирифтан аз артиш бадалели сарнагун кардани ду ҷангандаи исроилӣ буд .

Намояндаи пешини Парлумони Сурия афзуд, Амрико бо ҳамла ба мавозеи артиши Сурия эълом кард, ки дар Дейрулзӯр ҳузур дорад ва барои сайтара бар ин бахш аз Сурия талош мекунад.  

Ин коршиноси сурӣ гуфт, ҳеч оташбасе таи ҳафтаи гузашта дар Сурия вуҷуд надошта ва террористҳо борҳо оташбасро нақз карданд .

Артиши Сурия рӯзи душанбе бо судури баёнияе аз поёни оташбаси ҳафтрӯза хабар дод.

Ин оташбас дар торихи 12-и сентябр ва бадунболи тавофуқи Русия ва Амрико бар сари таваққуфи хушунатҳо эълом шуд .

 

Барчасп