Июл 02, 2019 16:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Амрико аз Арабистон барои сарпарастии Масҷидулақсо

Ноиби раиси Ҷунбиши исломии Фаластин гуфт, Арабистони Саудӣ бо ҳимояти раисҷумҳури Амрико барои тасоҳуби тавлият (сарпарастӣ)-и амокини муқаддас дар Қудси ишғолӣ талош мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Камол Алхатиб, ноиби раиси Ҷунбиши исломии Фаластин афзуд, Арабистони Саудӣ аз тамоми роҳҳо барои канор задани давлати Урдун аз тавлияти амокини муқаддас истифода мекунад ва ҳимояти комили давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро ҳам ба ҳамроҳ дорад. Бар асоси ин гузориш, Арабистони Саудӣ миллионҳо доллар аз тариқи афроди ҳақиқӣ дар Қудси ишғолӣ ҳазина кардааст ва талош мекунад, ҳимояти бархе раҳбарон ва бузургони маҳаллиро ҷалб кунад.

Урдун дар соли 1924, ҳамроҳ бо поёни императории Усмонӣ тавлияти амокини муқаддас дар Қудси ишғолиро бар уҳда гирифт. Дар соли 1988 Малик Ҳусейн, шоҳи пешини Урдун бо қатъи иртибот бо Каронаи Бохтарӣ ҳамчунон сарпарастии Масҷидулақсоро дар назди Урдун нигаҳ дошт. Ҳимояти Амрико аз Арабистон барои тасоҳуби амокини муқаддас дар Қудси ишғолӣ дар иҷрои тарҳи муомилаи қарн сурт мегирад. Дар чорчӯби тарҳи муомилаи қарн Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шашуми декабри соли 2017 шаҳри Қудси ишғолиро ба унвони пойтахти режими ҷаълии Исроил муаррифӣ кард ва дар 14 майи соли 2018 сафорати Амрикоро аз Телавив ба Қудс интиқол дод. Шаҳри Қудс, ки Масҷидулақсо, нахустин қиблаи мусалмононро дар худ ҷо додааст, бахши ҷудонашавандаи Фаластин ва аз муҳимтарин амокини сегонаи муқаддаси исломӣ ба шумор меояд, ки аз соли 1967 дар ишғоли Исроил аст.

 

Барчасп