Июл 04, 2019 16:17 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳам шудани ниҳодҳои байналмилалӣ дар қатли оми мардуми Яман

Яманиҳо ба ирсоли маводи ғизоӣ ва доварии фосид аз сӯи Барномаи ҷаҳонии ғизо вобаста ба СММ, эътироз карданд.

Пештар идораи гумруки Яман, садҳо тонна орд ва маводи ғизоии махсуси занони бордор ва доруҳои фосид ва таърихгузаштаро, ки Барномаи ҷаҳонии ғизо ба унвони кумакҳои ғизоӣ ва доруӣ барои мардуми ин кишвар ирсол карда буд, дар гумруки бандари Ал Ҳудайда шиносоӣ кард.

Масъулони яманӣ эълом карданд, ин нахустин бор нест, ки аз ранҷу ниёзи мардуми Яман ба ин кумакҳо сӯиистифода мешавад, балкӣ ин ба навъе куштори ғайримустақим аст.

Ниҳодҳои ҳуқуқи башарии дохилӣ бо ишора ба зарурати иҷрои таҳқиқот ва таваққуфи фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ аз Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ хостанд барои расидагӣ ба ин масъала, вориди амал шаванд.

Созмонҳои мардумниҳод ва ҳуқуқии яманӣ ин иқдоми Барномаи ҷаҳонии ғизоро ҳамдастӣ бо мутаҷовизон ва мукаммили бомбаборон, муҳосира ва маҳрум кардани мардуми Яман ҳатто аз маводи ғизоии зарурӣ донистанд.

Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти Яман, беш аз 2 миллион кӯдаки ямани дучори сӯитағзия ҳастанд, ки 400 ҳазор нафар аз онҳо дар маърази хатари марг қарор доранд.

 

Барчасп