Боздошти яке аз саркардагони фирории ДИИШ бо либоси занона
(last modified Sat, 06 Jul 2019 14:12:37 GMT )
Июл 06, 2019 19:12 Asia/Dushanbe
  • Боздошти яке аз саркардагони фирории ДИИШ бо либоси занона

Сухангӯи Вазорати дохилии Ироқ аз боздошти масъули судури ҳукми эъдом дар ташкилоти террористии ДИИШ хабар дод.

Ба гузориши “Спутник”, Саъд Маан, сухангӯи Вазорати дохилии Ироқ афзуд, нерӯҳои полис дар вилояти Найнаво, бар асоси иттилооти дақиқ ва бо ҳамкории шаҳрвандони ироқӣ яке аз афроди вобаста ба ДИИШ-ро, ки бо либоси занона худро пӯшонда ва махфӣ карда буд, ба дом андохтанд.

Бар асоси баёнияи Вазорати дохилии Ироқ, ин террористи диишӣ дар додгоҳи ба истилоҳ шаръии ДИИШ фаъолият мекард ва масъули тавба додан ва судури аҳкоми эъдом дар ҳаққи шуморе аз шаҳрвандон ва нерӯҳои амниятии Ироқ дар замони сайтараи ДИИШ бар шаҳри Мусил будааст.

Сухангӯи Вазорати дохилии Ироқ гуфт, ки ин террористи ироқӣ дар яке аз сохтмонҳои таркшудаи рустое дар ҷануби шаҳри Мусил ба доми нерӯҳои ироқӣ афтодааст.