Июл 09, 2019 17:00 Asia/Dushanbe
  • Эътирози ҳайати уламои Саудӣ ба фасоди ахлоқӣ дар Арабистон

Се узви ҳайати уламои аршади Саудӣ дар эътироз ба фасоди ахлоқӣ дар Арабистон аз ширкат дар ҷаласоти ин ҳайат худдорӣ карданд.

Саид ибни Носир Алғомидӣ, устоди донишгоҳ ва фаъоли сиёсии арабистонӣ дар сафҳаи тувиттерии худ бидуни ном бурдан аз ин се тан навишт, онҳо ба ин ки иҷозаи сухан гуфтан дар хусуси фасоди ахлоқӣ дар Арабистонро надоранд, эътироз доранд. Дар ҳамин ҳол фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Арабистон низ аз ҳаштаки «Созмони саргармӣ масоҷидро хор мекунад» истифода карда ва ба барномаҳои ин созмон эътироз кардаанд.

Ҳузури сарояндазани амрикоӣ дар ҷашнвораи мусиқии Ҷида, ки зери назари Созмони тафреҳ ва саргармии Арабистон баргузор шудааст, хашми бисёре аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мардуми Арабистонро барангехтааст.

Созмони саргармӣ ва тафреҳи Арабистон аз ҷумлаи тарҳҳои Ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ барои чашмандози 2030 аст, ки дар соли 2016 таъсис шуд.

 

Барчасп