Июл 16, 2019 09:31 Asia/Dushanbe
  • Хашми  Натанияҳу аз руйкарди Иттиҳодияи Аврупо ба гомҳои барҷомии Эрон

Нахуствазири режими саҳюнистӣ душанбешаб бо ибрози таасуф аз изҳороти масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар бораи гомҳои барҷомии Эрон гуфт, интизори Исроил фишори ин иттиҳодияи зидди Эрон аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Бенямин Натанияҳу зимни эътироз ва интиқод ба изҳороти асри Душанбеи Федерика Могеринӣ пас аз нишасти вазирони Иттиҳодияи Аврупо дар бораи гомҳои барҷомии Эрон гуфт, Аврупо бояд дар бораи фаолиятҳои ҳастаии Эрон сахтгирона амал кунад.

Дар ҳоле, ки режими саҳюнистӣ дорои таъсисот ва силоҳҳои ҳастаӣ эълом нашудааст ва ин режим ҳатто паймони манъи густариши таслиҳоти ҳастаиро имзо накарда Натанияҳу афзуд, бо вуҷуди бетафовутии аврупоиҳо Исроил бо ҳамкории Амрико ҳар коре, ки лозим бошад барои пешгирӣ аз барномаи ҳастаии Эрон анҷом хоҳад дод.

Могеринӣ рӯзи душанбе дар нишасте хабарӣ гуфт, ки тарафҳои боқимонда дар барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) коҳиши тааҳудоти Эрон ба ин тавофуқро нақзи асосии он намедонанд ва ҳеҷ як аз ин тарафҳо қасди фаол кардани меканизми ҳалли ихтилоф дар ин тавофуқро надорад.

Аврупоиҳо дар ҳафтаҳои ахир ба дунболи коҳиши тааҳудоти Эрон дар БАРҶОМ ва дар робита бо созу кори молии вижа мавсум ба Инсетск баёнияҳо ва мавзеъгириҳои пайи ҳам  доштаанд.

Эрон ду моҳ пеш ва пас аз як сол сабри роҳбурдӣ баъд аз хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаии 5+1  бо Теҳрон ва бозгардондани тамомии таҳримҳо алайҳи Теҳрон ва инфиоли Аврупо эълом кард, ки бахше аз тааҳудоти худро тибқи БАРҶОМ коҳиш медиҳад.

Убуруи ғанисозӣ аз сатҳи 3.67 дарсад ва афзоиши захоири ураниюми ғанишуда тибқи банди 36 БАРҶОМ аз ҷумлаи ин маворид буданд.

Эрон бо таъкид бар идомаи коҳиши тааҳудоти барҷомии худ таъкд карда ин гомҳо дар чорчуби БАРҶОМ ва тибқи бандҳои 26 ва 36 ин тавофуқ аст ва дар сурате, ки шарикони БАРҶОМ иқдомоти лозимро барои ифои тааҳудоти худ анҷом диҳанд ин иқдомот ба суръат қобили бозгашт аст.

Барчасп