Трамп – шери арабҳо, харгӯши эрониҳо
(last modified Tue, 23 Jul 2019 12:13:58 GMT )
Июл 23, 2019 17:13 Asia/Dushanbe
  • Трамп – шери арабҳо, харгӯши эрониҳо

Раиси пулиси Дубайи Аморот навишт, чаро Трамп, ки дар баробари арабҳо шер буд, ҳоло дар баробари Эрон харгӯш аст?

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Зоҳи Халфон, раиси пулиси Дубайи Аморот, ки вокунишҳояш ба масоили минтақа машҳур аст, дар твитте аз беамалии Амрико муқобили Эрон ва заъфи сарони араб дар муқобили Амрико интиқод кард. Халфон дар пайи ҳаводиси ахир дар минтақа ва пас аз ноумедӣ аз Амрико дар ворид кардани зарбаи низомӣ ба Эрон дар паёми твиттерие кинояомез навиштааст: “Чаро Трамп, ки дар баробари арабҳо шер буд, ҳоло дар баробари Эрон харгӯш аст?”.

Image Caption

 

Доналд Трамп борҳо эълом кардааст, ки агар ҳимоятҳои Амрико намебуд, давлатҳои арабӣ, бавижа Арабистони Саудӣ ҳатто ду ҳафта ҳам давом намеоварданд. Ин дар ҳолест, ки Трамп дар баробари иқдомоти қотеи Эрон дар сарнагунии паҳподи мутаҷовизи амрикоӣ ва тавқифи нафткаши мутахаллифи Англия ҷуз ҳарф задан ва эъмоли бархе таҳримҳои ғайриқонунӣ натавонистааст иқдоми дигаре анҷом диҳад.