Кушта шудани шуморе аз низомиёни Саудӣ дар марзи Яман
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i45415-Кушта_шудани_шуморе_аз_низомиёни_Саудӣ_дар_марзи_Яман
Дар даргирии нерӯҳои яманӣ бо мутаҷовизон дар марзҳои ҷанубии Арабистон, дастикам ҳашт низомии Саудӣ кушта шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 25, 2019 17:51 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани шуморе аз низомиёни Саудӣ дар марзи Яман

Дар даргирии нерӯҳои яманӣ бо мутаҷовизон дар марзҳои ҷанубии Арабистон, дастикам ҳашт низомии Саудӣ кушта шуданд.

Ба гузориши Алҷазира, дар даргирии имрӯз (панҷшанбе) нерӯҳои яманӣ бо низомиёни Саудӣ, шуморе аз мутаҷовизони эътилофи Саудӣ низ захмӣ шуданд.

Дар ин гузориш ба маҳалли дақиқи амалиёти неруҳои яманӣ ишора нашудааст.

Шаби гузашта (чаҳоршанбе) ҳам нерӯҳои Ансоруллоҳ ва артиши Яман бо анҷоми амалиёте се мақари эътилофи Саудиро дар ҷануби Арабистон, ба контроли худ дароварда ва даҳҳо мутаҷовизро ба ҳалокат расонданд.