Эъдоми 45 нафар дар Ҳалаби Сурия ба дасти террористи саудӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i4546-Эъдоми_45_нафар_дар_Ҳалаби_Сурия_ба_дасти_террористи_саудӣ
Як террористи саудӣ 45 нафар аз шаҳрвандони устони Ҳалаб дар шимоли Сурияро эъдом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 21, 2016 14:05 Asia/Dushanbe
  • Эъдоми 45 нафар дар Ҳалаби Сурия ба дасти террористи саудӣ

Як террористи саудӣ 45 нафар аз шаҳрвандони устони Ҳалаб дар шимоли Сурияро эъдом кард.

Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз пойгоҳи хабарии ал-Ҳадс, Абдуллоҳ ал-Муҳиснӣ - террористи арабистонӣ ва ба истилоҳ қозии шаръии гурӯҳи террористии Ҷайшулфатҳ, 45 нафар аз шаҳрвандон сурӣ дар минтақаи ал-Фирдавси Ҳалабро барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи мардум аз шаҳрҳои таҳти муҳосира эъдом кард.

Хабари дигаре аз Сурия ба нақл аз Русия ал-явм ҳокӣ аст, маҳаллаи Ҷубари Димишқ, пойтахти Сурия ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва хумпораии террористҳо қарор гирифт. Аз талафот ва хисороти ин ҳамлаи террористӣ хабаре мунташир нашудааст.

Аз сӯи дигар, артиши Сурия манотиқе дар Ғутаи шарқӣ, аз ҷумла мавозеи низомии худро бозпас гирифт.

Манобеи маҳаллӣ дар шаҳри Манбаҷ дар шимоли Ҳалаб ҳам бо эъломи хабари бозгушоии мадориси ин шаҳр эълом карданд, пас аз ин, ки дар моҳи гузашта шаҳри Манбаҷ ба дасти неруҳои курди Сурия озод шуд, кӯдакони манбаҷӣ метавонанд пас аз се сол ба мадраса бираванд.