Август 06, 2019 18:09 Asia/Dushanbe

Интишори тасовире аз иқдоми Абдулатиф оли Ашшайх дар бӯсидану оғӯш гирифтани яке аз ҳоҷизанҳои зеландияинавӣ ҷанҷоли густурдае дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ андохт.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, вазири Саудӣ дар ҳоле ки бо шуморе аз хабарнигорон дар ҳоли гуфтугӯ буд, як зани зеландияинавиро, ки аз зиёрати Масҷидулҳаром ба шиддат таҳти таъсир қарор гирифта буду ашк мерехт, дар оғӯш гирифт ва сари ӯро бӯсид. Ин зан ҳамсарашро дар ҳодисаи тирандозии террористӣ дар масҷиде дар Зеландияи Нав аз даст дода буд.

Корбарони араб вокунишҳои мутафовите дар баробари ин иқдом доштанд ва иддае ин кори вазири Саудиро ҳатто бо ангезаи инсонӣ маҳкум карданд ва онро хилофи шариати исломӣ донистанд. Ин дар ҳолест, баъзе аз корбарон ибрози ақида карданд, ки дар ин иқдом ҳеҷ ҳурмате зери по гузошта нашудааст.

Абдулатиф оли Ашшайх дар мусоҳиба бо шабакаи “Аларбия” дар ин бора гуфтааст: “Ҳузури ҳоҷиҳои зеландияинавӣ ёдовари куштори террористии наздикони онҳо буд ва вокуниши ман дар ин шароит бар асоси эҳсосот буд”.