Август 21, 2019 19:19 Asia/Dushanbe
  • 500 зани диишӣ дар зиндонҳои Ироқ

Панҷсад зани диишии хориҷӣ дар зиндонҳои Ироқ ба сар мебаранд.

Манобеи огоҳ аз ҳузури 500 зани диишӣ ба ҳамроҳи фарзандонашон аз панҷ қораи ҷаҳон дар зиндонҳои Ироқ хабар доданд.

Як масъули ироқӣ дар бораи диишиҳои хориҷӣ ва бозгардонидани онҳо ба кишварҳояшон гуфтааст, онҳо таҳти муҳокима ҳастанд ва аҳкоми бисёре алайҳи онҳо содир шудааст.

Ба гуфтаи ин мақоми ироқӣ, бархе аз ин занон, аз ҷумла 12 шаҳрванди Фаронса ба эъдом маҳкум шудаанд.

Ҳудуди 48 зани тоҷикистонии пайваста ба ДИИШ ҳамакнун дар зиндонҳои Ироқ ва Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.

Тоҷикистон пеш аз ин 84 кӯдакро аз Ироқ ба кишвар бозгардондааст, ки модарони тоҷики онҳо ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ зиндонӣ шуда ва дар интизори поёни давраи маҳкумияташон ҳастанд.

Давлати Тоҷикистон дар талош аст то ин занонро ба кишварашон бозгардонад.

 

 

 

Барчасп