Август 25, 2019 18:06 Asia/Dushanbe
  • Маҳрумияти 220 кӯдаки фаластинӣ аз таҳсил

220 кӯдаки фаластинӣ дар соли таҳсилии ҷадид аз идомаи таҳсил бозмондаанд.

Ба гузориши хабаргузории фаластинии Вафо, Риъфат Ҳамдуна ҳамзамон бо оғози соли таҳсилӣ дар устонҳои мухталифи Фаластин дар баёнияи матбуотӣ эълом кард, мақомоти ишғолгар даҳҳо мавриди нақзи ҳуқуқ дар мавриди кӯдакони асири фаластинӣ муртакиб мешаванд, ки шиканҷаи рӯҳӣ ва ҷисмӣ, тарсондани онҳо бо саг, истифода аз васоили ғайриқонунӣ, монанди фиреб ва ваъдаҳои дурӯғ, бадрафторӣ, ҳабс дар селули инфиродӣ за ҷумлаи онҳост.

Ҳамдуна бо ишора ба ин, ки маҳрумияти ин кӯдакон аз таҳсил нақзи тавофуқномаҳо ва маншурҳои байналмилалӣ аст, аз созмонҳои ҳуқуқии мудофеи кӯдакон хост, вазъи зиндониёни ноболиғ дар зиндонҳои Исроилро пайгирӣ ва ба ишғолгарон барои таъмини озодии ин кӯдакон эъмоли фишор кунанд, то онҳо низ битавонанд монанди соири кӯдакони ҷаҳон идомаи таҳсил диҳанд.

 

Барчасп