Ҳушдори Созмони Милал дар бораи вахомати авзоъ дар борикаи Ғазза
(last modified Wed, 28 Aug 2019 06:16:11 GMT )
Август 28, 2019 11:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони Милал дар бораи вахомати авзоъ дар борикаи Ғазза

Ҳамоҳангкунандаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Ховари Миёна авзои борикаи Ғаззаро шикананда тавсиф кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Николай Младенов дар нишасти Шӯрои амният дар бораи Ховари Миёна бо ҳушдор дар бораи табаоти камбуди барқ дар борикаи Ғазза, кӯмак ба ҷомеаи ҷаҳониро барои ҷилавгирӣ аз пайомадҳои фоҷеаомези ин бӯҳрон хостор шуд.

Ҳамоҳанггкунандаи Созмони Милал дар умури Ховари Миёна аз тасмими Исроил барои таваққуфи ирсоли сӯхт ба борикаи Ғазза ба шидда ибрози ниргаронӣ карду гуфт: Ин тасмим мӯҷиби коҳиши таъмини барқ ва коҳиши хадамот дар ин борика хоҳад шуд.

Младенов ба бӯҳрони саломатӣ дар борикаи Ғазза низ ишора карду гуфт: Ироаи хадамоти дармонӣ ва доруӣ дар ин минтақа ба шиддат коҳиш ёфтааст.

Бӯҳрони барқ дар борикаи Ғазза аз аввалҳои соли 2017 пас аз таваққуфи фаъолияти нерӯгоҳи тавлиди барқи ин минтақа дар паи камбуди сӯхт ва низ коҳиши шадиди барқи ирсолӣ аз Фаластини ишғолӣ ташдид шудааст.