Август 28, 2019 20:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори ҳайати Саудӣ бо амири Кувайт

Ҳайати Саудӣ бо амири Кувайт дидор карданд.

Ба гузориши “Форс”, Сабоҳ Алҳамд Алҷобир Ассабоҳ, амири Кувайт имрӯз, чаҳоршанбе мизбони ҳайате Саудӣ ба раёсати Турки ибни Муҳаммад ибни Фаҳд оли Сауд, вазири мушовир ва узви ҳайати вазирони ин кишвар буд.

Ибни Фаҳд дар ин дидор паёми малик Салмон ва Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистонро ба амири Кувайт иблоғ ва аз беҳбуди вазъияти ҷисмонӣ ва саломати амири Кувайт ибрози хурсандӣ кард.

Дар ин дидор Навоф Алҳамд Алҷобир Ассабоҳ, валиаҳди Кувайт Марзуқ Алӣ Алғоним, раиси парлумони Кувайт ва шуморе дигар аз масъулони ин кишвар ҳузур доштанд.

Амири Кувайт рӯзи душанбе, пас аз касолати ахир, дар кохи “Баён” бо Навоф Алҳамд Алҷобир Ассабоҳ, валиаҳди ин кишвар дидор кард ва ба шойеоти марбут ба вахомати ҳолаш поён дод.

 

Барчасп