Сентябр 01, 2019 20:20 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳи террористии

Рӯзномсаи сурии "Алватан" имрӯз (якшанбе) ба нақл аз манобеи огоҳ навишт: Бар асоси тавофуқи ба амал омада миёни Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар сешанбеи гузашта дар Маскав, гурӯҳи террористии "Ҷабҳатуннусра" зарфи ҳашт рӯзи оянда ба таври комил мунҳал хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, ҳамакнун оташбаси шиканандае дар ҷабҳаҳои набард дар ҳумаи ҷануби шарқи Идлиб ҳукмфармо аст.

Ин оташбас сапедадами дирӯз (шанбе) барқарор шуд ва артиши Сурия пойбандии худро ба он эълом кард, аммо шибҳи низомиён мухолифи вобаста ба Туркия муддаӣ шуданд, ки дар ҷараёни ин оташбас қарор надоштаанд.

Артиши Сурия чанд рӯзи ахир тавонист ба пешрафти қобили таваҷҷӯҳе даст ёбад ва шуморе аз шаҳракҳои перомуни ин устонро аз дасти террористҳо озод кунад.

Ахбори фошшуда ва пешбиниҳо дар мавриди дастовардҳои нишасти сароин Туркия ва Русия дар сешанбеи гузашта дар Маскав ҳикоят аз он доранд, ки ар асоси тавофуқи ду тараф Туркия бояд "Ҷабҳатуннусра"-ро мунҳал кунад.

 

Барчасп