Зиндонӣ шудани 30 шаҳрдор дар Туркия
Сентябр 04, 2019 12:31 Asia/Dushanbe
30 нафар аз шаҳрдорони мунтахаби манотиқи курднишини Туркия роҳии зиндон шуданд.
Ба нақл аз пойгоҳи интернетии рӯзномаи "Тақвим", 41 нафар аз 94 шаҳрдори мунтахаби Туркия. ки қабл аз интихоботи 31 март ба иттиҳоми ҳимоят аз ҳизби коргарони Курдистони Туркия (ПКК) барканор шуда буданд, дар маҷмӯъ ба беш аз 237 соли зиндон маҳкум шуданд.
Бо ин ҳол 33 нафар аз ин афрод ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят карданд, ки ҳукми қатъии маҳкумияти зиндони 7 нафар аз онҳо содир шуд.
Бар асоси ин гузориш, 20 нафар аз шаҳрдорони ин кишвар низ ба иттиҳоми ҳимоят аз терроризм зиндонӣ ҳастанд.