Басиҷи мардумии Ироқ неруи ҳавоӣ ташкил дод
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i46502-Басиҷи_мардумии_Ироқ_неруи_ҳавоӣ_ташкил_дод
Созмони басиҷи мардумӣ (Ал Ҳашд-уш Шаъбӣ) барои нахустин бор аз ташкил неруи ҳавоӣ хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 05, 2019 13:47 Asia/Dushanbe
  • Басиҷи мардумии Ироқ неруи ҳавоӣ ташкил дод

Созмони басиҷи мардумӣ (Ал Ҳашд-уш Шаъбӣ) барои нахустин бор аз ташкил неруи ҳавоӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Абумаҳдӣ Ал Муҳундис, муовини созмони Ал Ҳашд-уш Шаъбӣ дар дастуруламале бо эъломи ташкили неруи ҳавоӣ барои ин созмон, Салоҳиддин Ҳантушро ба унвони сарпарасти ин неру таъйин кард.

Дар номаи Ал Муҳандис, ташкили неруи ҳавоӣ барои созмони Ҳашд-уш Шаъбӣ дар ростои амал ба дастуруламали фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи ин кишвар (нахуствазир) дар соли 2014 эълом шудааст.