Сентябр 12, 2019 14:13 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум кардани изҳороти нахуствазири режими саҳюнистӣ аз сӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон

Ҳизбуллоҳи Лубнон изҳороти нахуствазири режими саҳюнистиро дар бораи тааллуқ додани бахшҳое аз Каронаи бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ маҳкум кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳизбуллоҳи Лубнон тасмими Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро барои яҳудисозӣ дара Урдун ва манотиқи густурдае аз Каронаи Бохтарӣ маҳкум кард.

Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, тасмими Натанёҳу иқдоме таҷовузкорона алайҳи миллати Фаластин аст, миллате, ки барои муқовимат баробари ҳар гуна таарруз ба сарзамини худ аз ҳаққи комил бархурдор аст. Ҳар иқдоми яҳудисозӣ аз ҷониби Исроил, иқдоме ботил аст, ки миллати муттаҳиди Фаластин бо он муқобила хоҳад кард ва онро ноком хоҳад гузошт.

Ҳизбуллоҳи Лубнон изҳороти нахуствазири режими саҳюнистиро натиҷаи созишталабии кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс дар муқобили султаталабиҳои режими ишғолгар донист.