Сентябр 16, 2019 13:17 Asia/Dushanbe
  • Шароити вахими раҳбарони ҲАМОС дар зиндонҳои Саудӣ

Як мақоми фаластинӣ аз бадрафтории давлати Саудӣ бо раҳбарони боздоштшудаи ҲАМОС хабар дода гуфт, ки шароити ҷисмонии Муҳаммад АлХазри, аз раҳбарони боздоштии ҲАМОС бисёр вахим аст.

Бо гузашти панҷ рӯз аз судури баёнияи ҷунбиши ҲАМОС ва эътироз ба боздошти раҳбарони ин гурӯҳи фаластинӣ дар Арабистони Саудӣ, яке аз мақомоти ин ҷунбиш аз бадрафторӣ бо боздоштшудагон хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, ин мақоми фаластинӣ, ки хостори адами ифшои номаш шудааст, гуфт, ки шароити боздоштшудагон бисёр вахим аст ва давлати Саудӣ ҳисобҳои молии онҳоро баста ва хонаводаҳояшон низ дар шароити молии баде ба сар мебаранд.

Вай таъкид кард, ки пеш аз ин, ин гуна масоил аз тариқи миёнҷӣ ҳал мешуд ва дар ин маврид низ ҲАМОС то кунун талош карда аз тариқи миёнҷиҳо масъалаи озодии ин афродро ҳаллу фасл кунад, аммо давлати Риёз то кунун ҳеҷ як аз онҳоро напазируфта аст.

Ба гуфтаи вай, давлати Саудӣ исрори аҷиб ва хасмонае барои адами ҳаллу фасли мавзӯи боздоштиҳо дорад, дар ҳоле, ки худ медонад афроди боздоштӣ ҳеҷ иқдоми хилофи қонун ё хориҷ аз иттилои мақомоти саудӣ анҷом надодаанд.

 Ин мақоми фаластинӣ гуфт, ки танҳо фаъолияти боздоштшудагон дар Арабистон ҷамъоварии кумак барои асирони фаластинии дар банди режими саҳюнистӣ ва фуқаро буд.

Вай шароити нигаҳдории Муҳаммад АлХазри, аз раҳбарони саршиноси ҲАМОС-ро низ вахим эълом карда гуфт, ки мақомоти саудӣ бо вай бадрафторӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ҲАМОС, дастгоҳи амниятии Арабистон рӯзи чаҳоруми апрели соли ҷории мелодӣ Муҳаммад АлХазриро дар шаҳри Ҷадда, ки ҳудуди се даҳа муқими ин шаҳр буд, дастгир кардааст.

Ҷунбиши ҲАМОС рӯзи душанбеи гузашта дар баёнияе гуфт, ки панҷуним моҳ аст, ки дар бораи ин қазия сукут кардааст то шояд битавонад аз тариқи воситаҳо боздоштшудагонро озод кунад, аммо тамоми талошҳояш номувафақ буда ва аз ин рӯ маҷбар шуда бо судури баёнияе дархости худро ошкор кунад.