Сентябр 19, 2019 18:51 Asia/Dushanbe
  • 17 муздури Саудӣ дар ҳамалоти яманиҳо кушта ё захмӣ шуданд

Дар пайи ҳамалоти имрӯзи (панҷшанбе) артиш ва кумитаҳои мардуми Яман дастикам 17 муздури Саудӣ дар устонҳои шимолии Яман кушта ё захмӣ шуданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Ал Масираи Яман, 5 нафар аз ин афрод дар амалиёти камин ва тирандозии нируҳои Ансоруллоҳ дар ҷануби минтақаи Ҳараз воқеъ дар устони Ҳаҷҷа кушта ё захмӣ шуданд.

Ҳамчунин дар пайи амалиёти минагузорӣ, як худрави ҳомили муздурони Саудӣ дар ҷануби Ҳайрон дар устони Ҳаҷҷа, 12 сарбози Саудӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Дар устони Ал Ҷавф низ теъдоде аз нируҳои Саудӣ дар асари инфиҷори мина кушта шуданд.

Арабистон ва Иморот дар қолаби эътилофе аз чанд кишвари ғарбӣ ва арабӣ ва бо кумаки Амрико, ҳамалоти густурдаеро алайҳи Яман фақиртарин кишвари арабӣ оғоз карданд, то ба баҳонаи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфӣ ва фирории ин кишвар ба қудрат, ба аҳдоф ва зиёдхоҳиҳои сиёсии худ ҷомаи амал бипушонанд.

Бар асари ин таҷовуз токунун беш аз садҳазор яманӣ кушта шуда ва бар асоси гузориши СММ қатҳӣ дар ин кишвар ба бузургтарин фоҷиа инсонӣ дар ҷаҳон табдил шудааст.