Сентябр 21, 2019 18:19 Asia/Dushanbe
  • Твиттери ҳазорон ҳисоби корбарии ҳомии Арабистон ва Иморотро баст

Торнамои шабакаи иҷтимоии Твиттер эълом кард: Ҳазорон ҳисоби корбарӣ аз кишварҳои Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистон ва Мисрро, ки алайҳи Эрон, Қатар ва Яман фаъолият мекарданд бастааст.

Ба нақл аз ИРНА, дар гузориши Твиттер омадааст: Беш аз 4500 корбар илова бар ҳамла ба Қатар ва Эрон, матолибе дар ҳимоят аз режими Арабистони Саудӣ мунташир мекарданд.

Бар асоси ин гузориш, ширкати хусусии DotDev, ки дар Миср ва Иморот фаъолият мекунад, ин ҳисобҳои твиттериро эҷод ва мудирият кардаву бо таваҷҷӯҳ ба мадорики ба даст омада, Твиттер барои ҳамеша ҳисобҳои ширкат ва корбарони муртабити онро бастааст.

Твиттер ҳамчунин аз масдуд шудани 5 ҳисоби корбарии муртабит бо ташкилоти расонаии режими  саудӣ, ки ба нафъи ин режим таблиғ кардаву ҳамчунин ҳисоби корбарии Сауд Алқаҳтонӣ, мушовири пешини Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон ва мазнун ба мушорикат дар қатли Ҷамол Хошуқчӣ хабар дод.

 

Барчасп