Сентябр 21, 2019 18:48 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳони ДОИШ ба куҷо гурехтаанд?

Мудири кулли иттилоот ва мубориза бо терроризм дар Вазорати кишвари Ироқ эълом кард, ки фармондеҳони гурӯҳи террористии ДОИШ ба дастури мустақими Абубакр Албағдодӣ, ба Туркия, Судон ва шимоли Африқо фирор кардаанд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Абӯалӣ Албасрӣ, мудири кулли иттилоот ва мубориза бо терроризм дар Вазорати кишвари Ироқ гуфт,  ки Иброҳим Авод Ассомироӣ, мулаққаб ба Абубакр Албағдодӣ ҳамакнун дар яке аз манотиқи ғарбии Сурия ҳузур дорад.

Ин мақоми ироқӣ тасреҳ кар: Дар ҳоле, ки хонаводаҳои аносири ДОИШ ва шуморе аз нерӯҳои ин гурӯҳ дар урдугоҳи "Алҳавл" дар устони Алҳасака (шимоли шарқи Сурия) мустақар ҳастанд, фармондеҳони гурӯҳи террористии ДОИШ бо дастури мустақими Албағдодӣ, ба самти Туркия, Судон ва шимоли Африқо фирор кардаанд.

Албасрӣ афзуд: Бархе аз террористҳои хориҷӣ низ аз манотиқи озодшуда, ба кишварҳои худ бозгаштаанд ва метавонанд худро дар қолабҳои нав созмондиҳӣ кунанд.

 

Барчасп