Сентябр 24, 2016 15:30 Asia/Dushanbe
  • Ансоруллоҳи Яман: СММ қотили қонунҳои байналамилалӣ аст

Муҳаммад Абдусалом, сухангӯи Ансоруллоҳи Яман Созмони Милалро қотили қонунҳои байналмилалӣ донист.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Абдусалом дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" навиштааст, Созмони Милал бо сукут дар баробари идомаи бомбаборонҳо ва ҷиноёти Арабистон дар Яман ҷуз бори сангин ба дӯши миллатҳо чизи дигаре нест ва бо баҳонаи ҳифозат аз қавонини байналамилалӣ онҳоро аз байн мебарад. Ӯ афзуд, Созмони Милал бо нодида гирифтани ҷиноёти Арабистон дар шаҳрҳои Яман ба абзори касифе дар дасти Амрико табдил шудааст, ки ҳар тавре бихоҳад, аз он ба нафъи худ дар ҷаҳон ва минтақа истифода мекунад.

Яман аз якуним сол қабл то кунун мавриди таҷовузи мустақими заминӣ ва ҳавоии Арабистон қарор дорад, ки бар асари он, даҳ ҳазор тан кушта, ҳазорон тани дигар захмӣ шудаанд.