Вуҷуди садҳо асири бемор дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ
(last modified Sat, 24 Sep 2016 13:13:08 GMT )
Сентябр 24, 2016 18:13 Asia/Dushanbe
  • Вуҷуди садҳо асири бемор дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ

Бошгоҳи умури асирон ва озодагони Фаластин аз вуҷуди ҳазору 800 асири бемор дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба навиштаи пойгоҳи хабарии Фаластин Алюм, бошгоҳи умури асирон ва озодагони Фаластин рӯзи шанбе бо ишора ба вазъияти вахими шуморе аз асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ва маҳрумияти асирони бемор аз кумакҳои пизишкӣ ва дармонӣ, аз сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қиболи асирони фаластинӣ ибрози таассуф кард.

Бошгоҳи умури асирон ва озодагони Фаластин тасреҳ кард, фиқдони ҳар иқдоме аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ барои наҷоти ҷони асирон баёнгари мушорикати онон дар ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ аст .

Бошгоҳи асирон ва озодагони фаластинӣ ҳамчунин мардуми Фаластинро ба ҳамбастагӣ бо асирони дар банди режим саҳюнистӣ фаро хонд .

Бар асоси оморҳои "Ҷунбиши асири фаластинӣ", беш аз ҳафт ҳазор фаластинӣ дар 22 зиндону боздоштгоҳи режими саҳюнистӣ дар ҳабс ҳастанд .

700 асири фаластинии ҳам ба сурати ғайриқонунӣ ва бидуни ҳечгуна тафҳими иттиҳом ва муҳокима дар банди зиндонҳои исроилӣ ба сар мебаранд .