Сентябр 26, 2019 13:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Яман ба мутаҷовизон: Сабри мо бисёр маҳдуд аст

Раиси Шӯрои олии сиёсии Яман ба Арабистони Саудӣ ҳушдор дод: “Пойбандии мо ба пешниҳоди сулҳ бастагӣ ба пойбандии тарафи муқобил дорад ва рӯзҳои сабри мо бисёр маҳдуд аст”.

 Маҳдӣ Алмашот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман чаҳоршанбешаб ба муносибати гиромидошти панҷоҳушашумин солгарди инқилоби 26 сентябри 1962 мелодӣ (1341 ҳиҷрии шамсӣ), ки дар он ташкили ҷумҳурии Яман пас аз сарнагунии подшоҳӣ эълом шуда буд, суханронӣ кард.

Ба гузориши “Форс”, Алмашот гуфт: “Миллати мо имрӯз ба фазли муқовимату исрори яманиҳо барои озодии кишвари Яман аз султаи бегонагон, эътиборро ба ҳамаи инқилобҳои ин кишвар дар тӯли торих бозгардондааст”.

Вай эълом кард: “Он чӣ мо дар Яман дар маърази он қарор дорем, нақзи ошкори маншури Созмони Милал ва ҳамаи қонунҳои байналмилалӣ аст”.

Раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфт, идомаи ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи Яман лаккаи нанге бар пешонии ҷомеаи байналмилал ва таҳдиде барои сулҳу амният аст.

Ӯ бо радди идомаи таомул бо муздурон ба унвони намояндаи миллати Яман гуфт, ки Санъо намояндаи воқеии яманиҳо аст.

Вай афзуд: “Мо пешниҳодоте бо мазмуни даъват ба сулҳ ироа кардем, ки ин нишон аз сулҳталабии мо дорад, аммо тарафи дигар дар хусуси ин пешниҳодот то кунун масъулона амал накардааст”.

Раиси Шӯрои олии сиёсии Яман ба мутаҷовизон ҳушдор дод: “Пойбандии мо ба ин тарҳи пешниҳодӣ бастагӣ ба пойбандии тарафи муқобил дорад. Омодагии мо барои сулҳ ба андозаи омодагии мо барои анҷоми ҳамалот дарднок аст. Рӯзҳои сабри мо бисёр маҳдуд аст”.

Маҳдӣ Алмашот ахиран чанд рӯз пас аз ҳамалоти паҳподӣ ба таъсисоти “Арамко”, пешниҳоди таваққуфи машрути ҳамалоти яманиҳо ба Арабистонро дод ва ибрози умедворӣ кард, ки Риёз ба он посухи мусбат диҳад, аммо ҳамалоти саудиҳо ҳамчунон идома дорад.

 

 

 

 

Барчасп