Сентябр 28, 2019 20:35 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи намоишгоҳи асноди ҷиноятҳои саудӣ-амрикоӣ дар Яман

Вазорати кишвари Яман бо баргузории намоишгоҳе аз ҷиноятҳои эътилофи мутаҷовизон дар Яман, оморе дар бораи теъдоди куштаҳо ва маҷрӯҳон ироа кард.

Абдулазиз Солиҳ ибни Ҳабтар, нахуствазири давлати наҷоти миллии Яман рӯзи шанбе дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи шавоҳиди ҷиноии марбут ба ҷиноятҳои эътилофи мутаҷовиз ба Яман дар Санъо гуфт: Тамоми шавоҳид ва далелҳое, ки ҷамъоварӣ шудааст, ба ҷаҳон эълом хоҳад шуд ва асноде вуҷуд дорад, ки ин аснод ба маҷомеи байналмилалӣ ва қонунӣ ироа хоҳад шуд.

Ашшаъбӣ, вазири ҳуқуқи башари давлати наҷоти миллии Яман ҳам намоишгоҳи шавоҳиди ҷиноиро, ки ганҷе барои миллати Яман донист ва ибрози умедворӣ кард, ки ин шавоҳиди ҷиноӣ ба дасти созмонҳои байналмилалӣ бирасад.

Бар асоси омори ироашуда дар намоишгоҳи шавоҳиди ҷиноӣ то кунун 12 ҳазору 260 нафар, аз ҷумла ҳазору 769 зан ва 2533 кӯдаки яманӣ дар ҳамалоти эътилофи саудӣ кушта шудааанд ва теъдоди маҷрӯҳон ба 20 ҳазору 476 нафар расидааст.

 

Барчасп