Сентябр 29, 2019 10:54 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи саудӣ монеи ҷамъоварии ҷасадҳои нерӯҳояш мешавад

Раиси Кумитаи умури асирон дар Яман эълом кард, эътилофи саудӣ аз ҷамъоварии ҷасадҳои нерӯҳои худ, ки ба тозагӣ дар меҳвари Наҷрон кушта шудаанд пешгирӣ мекунад.

Ба нақл аз Алмусайра, Абдулқодир Алмуртазо раиси кумитаи умури асирон дар Яман тасреҳ кард, ҷасадҳо садҳо тан аз унсурҳои вобаста ба эътилофи саудӣ, ки дар амалиёти Насру Миналлоҳ ба ҳалокат расидаанд ҳамчунон дар сахраҳо ва дарраҳои меҳвари Наҷрон ба ҳоли худ раҳо шуда ва мутаҷовизон ба Салиби Сурхи ҷаҳонӣ иҷозаи ҷамъоварии ин ҷасадҳоро намедиҳанд.

Яман рӯзи гузашта (шанбе) аз амалиёте бузург ба номи Насру Миналлоҳ алайҳи нерӯҳои эътилофи саудӣ ва кушта ва захмӣ шудани ҳазорон тан аз онҳо хабар дод.

Яҳё Сариъ сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман рӯзи шанбе бо эъломи амалиёти низомии бузурги нерӯҳои яманӣ дар минтақаи ҷануби ғарби Арабистон гуфт, шумори зиёде аз нерӯҳои низомии эътилофи саудӣ дар ин амалиёт ба асорат даромаданд.

Вай ҳамчунин аз нобудии комили 3 типпи низомии эътилофи мутаҷовизи саудӣ ва ба ғанимат гирифтани садҳо абзори ҷангӣ ва худравҳои зиреҳӣ дар ин амалиёт дар моҳҳои ахир хабар дод.

Сариъ афзуд, амалиёти нерӯҳои яманӣ дар Наҷрон идома дорад ва дар ояндаи наздик ҷузъиёти бештаре аз он мунташир хоҳад шуд.

 

Барчасп