Сентябр 30, 2019 13:50 Asia/Dushanbe
  • Радди пойи валиаҳди Саудӣ дар марги муҳофизи малик Салмон

Муҷтаҳид, ифшогар ва мунтақиди маъруфи арабистонӣ дар твитте фош кард, кушта шудани сарлашкар Абдулазиз Алфағм, муҳофизи шахсии подшоҳи Саудӣ террори созмонёфтае буд, ки бо дастури"Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ иҷро шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Муҷтаҳид муддаӣ шудааст, бар хилофи ривояти манобеи давлативу расмии саъудӣ, муҳофизи шахсии подшоҳи Арабистон дар хонаи дӯсташ кушта нашуда, балки дар иқдоме террористӣ дар кохи салтанатии Ҷадда террор шудааст.

Ифшогари хонадони Саудӣ афзуд, Муҳамад бин Салмон ба вафодории Алфағм нисбат ба худ эътимод надошт ва чандин бор тамоюли худро барои ҳазфи вай эълом карда буд.

Манобеи саудӣ рӯзи якшанбе аз кушта шудани Абдулазиз Алфағм, муҳофизи шахсии шоҳи Арабистон хабар доданд.

Алфағм пеш аз он ки ба унвони муҳофизи Салмон анҷоми вазифа кунад, муҳофизи шахсии Абдулло бин Абдулазиз, подшоҳи пешини Арабистон буд.

 

Барчасп