Ҳамлаҳои низомӣ ба хоки саудӣ, мисдоқи ҳақи машруи яманиҳо
Яҳё Сариъ сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман 8 октябр бо баёни инки талафоти душман дар думоҳи август ва сентябр ба ҳазор кушта ва теъдоди асирони он ба ду ҳазор расид таъкид кард ҳақи машруи мост, ки дар посух ба ҷиноятҳо алайҳи Яман иқдомҳои лозим аз ҷумла ҳамлаҳои низомӣ ба умқи хоки душманро иҷро кунем.
Модаи 51 Маншури Миллали Муттаҳид унвон мекунад, дар сурати вуқуи ҳамлаи мусалаҳона алайҳи як узви Миллали Муттаҳид, то замоне, ки Шурои амният иқдоми лозимро барои ҳифзи сулҳу амнияти байналмиллалӣ ба амал оварад ҳеҷ як аз муқарароти ин маншур ба ҳақи зотии дифоъ аз худ хоҳ шахсӣ ё дастаҷамъӣ латмае ворид нахоҳад кард.
Мутобиқи ин мода аз Маншури Миллали Муттаҳид дифои машру шартҳое дорад, ки вуқуи ҳамлаи мусаллаҳона ва иқдом накардани Шурои амният аз ҷумлаи ин шурут аст.
Арабистони саудӣ аз марти 2015 ҳамла ба Яманро ба ҳамроҳи бархе кишварҳои дигар ва дар қолиби як эътилоф оғоз кард. Ҷанг яке аз мисдоқҳои ҳамлаи мусаллаҳона аст ба хусус ҷанге, ки хасоратҳои инсонӣ ва ғайриинсонии шадиде дорад.
Маркази наҷоти кудакон дар навтарин гузориши худ эълом кард дар чаҳор солу ними гузашта беш аз 85 ҳазор кудак таҳти таъсири ҷанг ва дар асари сӯитағзия ва беморӣ ҷони худро аз даст додаанд. 19.7 миллион яманӣ шомили 10.2 миллион кудак ба муроқибатҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд ва беш аз 7.5 миллион нафар низ ба кумакҳои ғизоии фаврӣ ниёз доранд.
Ин вазъият сабаб шуд, ки ниҳодҳои мухталиф ва шахсиятҳои мутааддиди байналмиллалӣ аз ҷумла Антонио Гутерриш дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид борҳо эълом кунанд, ки фоҷеаи инсонӣ дар Яман бузургтарин фоҷеаи инсонии ҷаҳонӣ дар даҳаҳои ахир аст.
Бо вуҷуд ин ки дар ҷанги Арабистони саудӣ алайҳи Яман ҷиноятҳое монанди ҷинояти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият, наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи сулҳ, ки дар асосномаи Девони байналмиллалии кайфарӣ омада ба вуқуъ пайваста аст, аммо Шурои амният ба унвони муҳимтарин рукни Созмони Миллали Муттаҳид, ки вазифаи таъмин ва ҳифзи сулҳу амнияти байналмиллалиро ба уҳда дорад ҳеҷ иқдоме барои мутаваққиф кардани ин ҷанги мутақорин анҷом надод.
Дар воқеъ бархе аз аъзои Шурои амният ба хусус Амрико аз ҷанги Арабистон алайҳи Яман ҳимоят низ кардаанд, ки бархе аз аъзои Шурои амният ба хусус Амрико аз ҷанги Арабистон алайҳи Яман ҳимоят низ кардаанд, ки бархе аз аъзои Маҷлиси намояндагони Амрико низ ба ин мавзӯъ тарҳеро тасвиб кард, ки Доналд Трамп раиси ҷумҳури ин кишварро ба итмоми ҳимояти низомӣ аз амалиётҳои эътилофи саудӣ дар ҷанги Яман мулзам мекунад тарҳе ки аз сӯи Трамп низ вето шуд ва ҳимоят аз эътилофи саудӣ ҳамчунон идома дорад.
Дар чунин вазъияте артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба ин ҷамъбандӣ расид, ки аз як сӯ умеде ба Шурои амният барои поён додан ба ин ҷанг нест ва аз сӯи дигар мутобиқи модаи 51 Маншури Миллали Муттаҳид ҳақи дифои машруъ аз худ дар муқобили ҳамлаи мусаллаҳонаи Арабистони саудӣ дорад. Ҳамлаҳои ду моҳи ахири артиш ва кумитаҳои мардумии Яман алайҳи Арабистон аз ҷумла ҳамлаи 14 сентябр ба таъсисоти Оромку дар Бақиқ ва Харис ва амалиёти Насруминаллоҳ-ро бояд аз масодиқи ҳақи дифои машруи яманиҳо унвон кард, ки мавриди таъкиди Яҳё Сариъ сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман низ қарор гирифтааст.