Ансоруллоҳ: Амалкарди СММ дар табодули асирони Яман заиф аст
Раиси Кумитаи умури асирон дар ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аз амалкарди заифи фиристодаи Созмони Милал дар парвандаи усаро интиқод кард ва онро яке аз далоили лаҷоҷати эътилофи мутаҷовиз дар адами иҷро кардани тавофуқи Шветсия донист.
Абдулқодир Алмуртазо, раиси Кумитаи умури усарои вобаста ба ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аз раванди амалкарди Созмони Милал дар парвандаи усаро интиқод кард.
Ба гузориши “Форс”, вай дар сафҳаи Твиттери худ навишт, амалкарди заифи фиристодаи Созмони Милал (Мартин Грифитс) ва тими вай дар парвандаи усаро яке аз далоили лаҷоҷат ва кашолкориҳои нерӯҳои эътилофи мутаҷовиз ва муздурони онҳо дар иҷро кардани тавофуқи Шветсия буду ҳаст.
Ансоруллоҳ дар 30 сентябр дар иқдоме якҷониба 350 асир, азҷумла се саудиро озод кард, аммо давлати мустаъфии Яман иқдоми мутақобиле дар ин замина анҷом надод ва Ансорулллҳ ин наҳваи рафторро нишондиҳандаи адами ҷиддияти тарафи мутақобил дар иҷро кардани тавофуқи Шветсия, вижаи табодули усаро донист.
Ансоруллоҳ ва давлати мустаъфии Яман дар авохири соли гузаштаи мелодӣ (2018) дар чорчӯби музокироти Шветсия ба тавофуқе барои озодии усарои ду тараф даст пайдо карданд, аммо иҷро кардани он монанди дигар тавофуқҳои марбут ба “Алҳудайда” ба таъхир афтод.
Артиши Яман дар амалиёти “Насрумминаллоҳ” аз 15 август (24 мурдод) ду ҳазор нафар аз афроди вобаста ба эътилофи саудиро асир кард.