Октябр 15, 2019 19:00 Asia/Dushanbe
  • Дархости Урдун барои мухолифати кишварҳо бо интиқоли сафоратҳояшон ба Қудси ишғолӣ

Раиси парлумони Урдун аз парлумонҳои кишварҳои мухталифи ҷаҳон дархост кард, давлатҳои худро барои мамониат аз интиқоли сафорат ба Қудси ишғолӣ, таҳти фишор қарор диҳанд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Отиф Таровне, раиси парлумони Урдун аз парлумонҳои кишварҳои мухталиф хост, аз ҳаққу соҳибони воқеии сарзамини Фаластин ҷонибдорӣ кунанд ва режими саҳюнистиро барои таваққуфи таҷовуз ва ҷиноят зидди миллати Фаластин таҳти фишор қарор диҳанд.

Раиси парлумони Урдун афзуд, ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид аз иҷрои қатъномаҳои ин созмон нотавонанд ва наметавонанд тарафҳои ноқизи қатъномаҳо ва дар раъси он режими саҳюнистиро, ки таҳти ҳимояти Амрико қарор дорад, ба пойбандӣ ба қавонини байналмилалӣ мулзам кунанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико декабри соли 2017 дар иқдоме ғайриқонунӣ ва дар таоруз бо қатъномаҳои СММ ва Шӯрои амният, Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият шинохт ва сафорати Амрикоро аз Тел-Авив ба Қудси ишғолӣ мунтақил кард.

Режими саҳюнистӣ низ пас аз ин иқдом, тарҳи ҳадяи 50 миллион шекел (ҳудудт 14 миллиону 200 ҳазор доллар) - ро ба манзури ташвиқи кишварҳо барои интиқоли сафоратхонаҳояшон аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас ироа кард.

 

 

 

Барчасп