Сентябр 25, 2016 18:43 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҷиноёти Арабистон дар Яман

Ҷиноятҳои Арабистон дар Яман ва куштори ғайринизомиён дар ин кишвар ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши шабакаи хабарии ямании "Алмассира", мутаҷовизони саудӣ шанбешаб манотиқи маскунии Ҷабала, дар устони Иби Яманро ҳадафи ҳамалоти мушакии худ қарор доданд, ки бар асоси омори аввалия 7 ғайринизомӣ кушта ва 10 нафар захмӣ шудаанд.

Ба сабаби вахомати ҳоли бархе аз захмиҳо ва қарор доштани мардум зери вайронаҳо, эҳтимоли афзоиши шумори кушташудагон зиёд аст.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Арабистон рӯзи шанбе борҳо манотиқи мухталифи устони Ибро ба таври ваҳшиёна бомбаборон карданд.

Ҷангандаҳои саудӣ ҳамчунин манотиқе дар устони Маъриб ва пойгоҳи низомии Алдайламиро ҳадафи ҳамалоти худ қарор доданд.

Аз сӯйи дигар, артиш ва нерӯҳои мардумии Яман дар посух ба ҷиноятҳои Оли Сауд, пешравии муздурони саудӣ ба самти минтақаи Ҳом, дар устони Ҷуфро дафъ карданд.

Абдуссалом Ассабеҳӣ, фармондеҳи муздурон дар пойгоҳи низомии устони Ҳаҷҷа, дар ҳамлаи артиш ва нерӯҳои мардумии Яман кушта шуд.