Октябр 15, 2019 22:09 Asia/Dushanbe
  • Шикасти нақшаи ДИИШ барои ҳамла ба зоирони Арбаини Ҳусайнӣ

Артиши Ироқ аз шикасти нақшаи шуми афроди гурӯҳи террористии ДИИШ барои ҳамла ба зоирони Арбаини Ҳусайнӣ (а) хабар дод.

Ба гузориши “Алолам”, фармондеҳи амалиёти артиши Ироқ дар шаҳри Сомирро, дар шимоли ин кишвар эълом кард, низомиёни ироқӣ дар амалиёте тавонистанд нақшаи шуми афроди гурӯҳи террористии ДИИШ –ро барои ҳадаф қарор додани зоирони Арбаини Ҳусайнӣ (а) хунсо кунанд.

Бар асоси ин гузориш, террористҳои диишӣ қасд доштанд зоирони Арбаинро дар минтақаи Ассайфуна, дар шарқи Сомирро ҳадаф қарор диҳанд.

Дар ин амалиёт ду омили интиҳории ДИИШ ба ҳалокат расида ва ду ҷалиқаи инфиҷорӣ ва чаҳор бомба кашфу забт шуд.

20 сафари 1441 –и ҳиҷрии қамарӣ (19 октябри 2019), арбаъин (40) -и шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст. Миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаини Ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.

Бо вуҷуди шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ, ҳанӯз шуморе аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳузур доранд ва ба сурати пароканда даст ба иқдомоти террористӣ мезананд.

 

Барчасп