Мустанади Магнит
Октябр 16, 2019 07:38 Asia/Dushanbe
Дар мустанади Магнит бо зоироне аз кишварҳои Амрико, Австралия, Спания, Туркия, Лубнон, Берег Слоновой Кости , Фаронса ва ..... мусоҳиба шудааст.
Зоире аз Гурҷистон
- Дар ин масир эҳтиёҷе ба ҳазина кардан нест. Дар инҷо нисбат ба мо лутф ва эҳсонҳое шуд. Ҷои хоб ва обу ғизо ба мо дода шуда ва мо аслан азият нашудем ва ба заҳмат ҳам наафтодем. Алҳамдулилло, ки ҳама чи ба хубӣ муҳаё шуда ва мо аз мардуми Ироқ ташаккур мекунем.
Зоире аз Австралия
- Ба назари ман ба пул эҳтиёҷе надоред. Мардум ҳама мукиб доранд. Ҳамаи онҳо хайма доранд ва ғизои роягон ироа медиҳанд. Нияти онҳо барои Худованд ва имом Ҳусайн (а) аст. Онҳо нияти поке доранд, мардуми Ироқ бисёр хушбархурд ҳастанд.
Зоире аз Олмон
- Барои зиёрати имом Ҳасан ва имом Ҳусайн (а) ва дар кул зиёрати ҳамаи аима, пул барои ман аҳамияте надорад. Пул барои омадан ба инҷост. Дар баробари имом Ҳасан ва имом Ҳусайн (а) пул чи аҳамияте дорад.
Зоире аз Кувейт
- Дар айёми Арбаин ҳар инсоне, ки бихоҳад ба зиёрати имом Ҳусайн биёяд, лозим нест ҳатто як доллар дар ин масир бипардозад. Ҳатто агар ин масир се рӯз, панҷ рӯз, бист рӯз ва ё як моҳ тул бикашад. Ҳар кас ба ин ҷо биёяд аз ҳангоми вуруд ба Ироқ ва дар тули масири Карбало лозим нест ҳатто як доллар ё диноре бипардозад. Дар ин маконҳоест, ки зоир дар онҳо роягон мехурад, менушад ва мехобад. Дар ҳақиқат мавзӯи мукибҳо чизи аҷибе аст. Воқеан ин чизи аҷибе барои инсон аст, ки се рӯз, як ҳафта ё даҳ рӯз ё як моҳ ба зиёрати имомаш биравад ва ҳеҷ пуле напардозад.
Ходимул Ҳусайн аз Ироқ
- Дар ҳоли ҳозир хадамоте, ки мукибҳо ба зоирон ироа медиҳанд, аз кумакҳои вижаи мардумӣ аст ва аз тарафи ҳеҷ ниҳоди дохилӣ ва ё хориҷие пуштибонӣ намешаванд. Ҳазинаҳои ин маросим аз қабили ғизо, ҳазинаҳое хос ва хадамоти дигаре, ки вуҷуд дорад. Фақат ба дасти мардум ва мукибҳои ширкаткунанда таъмин мешавад.Пас дар ҳоли ҳозир соҳибони мукибҳо гуруҳе ҳастанд, ки маблағҳои хоси иттифоқшударо ҷамъ оварӣ мекунанд. Бархе аз онҳо тоҷир ё корофарин ва ё корманд ҳастанд ва ин маблағҳоро дар сандуқҳои мушаххас қарор медиҳанд сипас бо хариди маводи зарурӣ онҳоро дар ихтиёри зоирони имом Ҳусайн (а) қарор медиҳанд.
Зоире аз Австралия
- Ман 1500 доллари Амрико бо худам ба Ироқ овардам, то алон фақат даҳ доллар аз онро харҷ кардаам.
Зоире аз Гурҷистон
- Ман ҳудуди 100 то 150 доллар бо худ овардам ва то ҳол дар ин чанд рӯз ҳудуди 30 доллар харҷ кардам.
Зоире аз Русия
- Ман 700 доллар бо худам бардоштам, аммо аз он чизе харҷ накардам! чун дар ин ҷо ниёзе ба харҷ кардан нест. Ғизо роягон аст. Фақат дар сурати истифода аз ҳотел лозим аст пул пардохт шавад. Мо мехоҳем пулҳои боқимондаамонро дар ҷиҳати кумак ба мукибдорон эҳсон кунем.
Зоире аз Тайланд
- Мо фақат баҳои чиптаамонро пардохт кардем. Бародарамон саид Фаллоҳ дар Наҷаф сокин аст. Ӯ мизбони мо буд ва аз ҳамаи мо 20 нафар пазироӣ кард. Масъала пул нест, масъала ин аст, ки ҳар кадом аз мо чи тасмиме мегирем ин ки ба инҷо биёем ва ба пиёдаравӣ ба самти имом Ҳусайн (а) мулҳақ шавем ё на!
Зоире аз Австралия
- Зиндагӣ кардан дар Ироқ бидуни пул мумкин аст? на ба маҳзи ин ки Арбаин тамом шавад шумо бояд барои ҳотел, ғизо ва дигар чизҳо пул бипардозед. Лизо ба назари ман намешавад бидуни пул зиндагӣ кард. Шумо вақте аз кишвари дигаре меоед бояд ҳади ақал меқдоре пул ба ҳамроҳи худ дошта бошед.
Ходимул Ҳусайн аз Ироқ
- Вақте зоир барои зиёрати имом Ҳусайн меояд, танҳо ҳазинаи раҳпулиро мепардозад ва бақияи хадамотро дар айёми Арбаини бародарони ироқӣ ба шакли роягон ироа медиҳанд.
Аз зоирони имом Ҳусайн чи мехоҳем? мо ҳеҷ ҳадия ва хостае аз ӯ надорем. Барои мо фақат дуо дар назди имом Ҳусайн (а) кофӣ аст ва мо барои дуои зоирон дар хидматашон ҳастем. Ҳамонтавр, ки медонед зоири имом Ҳусайн ҷойгоҳи вижае назди Худои субҳон дорад. Лизо дуои ин зоирон барои ходимон кофӣ аст ва чизи дигаре ҷуз ин намехоҳанд.
Барчасп