Туркия: Курдҳо зиндони ДОИШиҳоро тахлия кардаанд
(last modified 2019-10-16T07:29:40+00:00 )
Октябр 16, 2019 12:29 Asia/Dushanbe
  • Туркия: Курдҳо зиндони ДОИШиҳоро тахлия кардаанд

Вазири дифои Туркия мегӯяд, ки ягонҳои курди мудофеи халқ дар Сурия, зиндони маҳалли нигаҳдории аносири ДОИШ-ро дар шимоли Сурия тахлия кардаанд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Хулусӣ Окор, вазири дифои Туркия рӯзи душанбе муддаӣ шуд, ки нерӯҳои курди сурӣ зиндоне аз ДОИШиҳоро дар минтақае аз Сурия, ки маҳалли анҷоми амалиёти низомии Туркия аст, тахлия карда ва зиндониён дар он ҷо рабуда шуда буданд.

Окор ба теъдоди зиндониён ишорае накард ва ҳатто дар хусуси ин, ки чи касе ин зиндониёнро рабуда ва ба куҷо бурдааст, тавзеҳе надорад.

Пас аз ин раисҷумҳури Сурия ҳушдор дода буд, ки амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия метавонад боиси фирори ДОИШиҳо аз зиндонҳои таҳти назорати курдҳо шавад ва мутмаин нест, ки Туркия битавонад авзоъро таҳти назорат нигаҳ дорад.

 

Барчасп