Октябр 16, 2019 13:00 Asia/Dushanbe
  • Мусоҳиба бо зоирони ҳусайнӣ дар мустанади Магнит

Дар ин қисмат аз мустанади Магнит бо меҳварияти Арбаини ҳусайнӣ бо зоироне, ки дар кишвари Ироқ ширкат намудаанд мусоҳиба шудааст.

Дар мустанади магнит бо зоироне аз кишварҳои Амрико, Австралия, Спания, Туркия, Лубнон, Берег Слоновой Кости , Фаронса ва ..... мусоҳиба шудааст.


Зоире аз Озарбойҷон

  • Алҳамдулиллоҳ ҳама чиз мавҷуд аст ва ҳар чиз, ки мехостем пайдо кардем. Худованд рӯзирасон аст ва мефармояд рӯзии ҳар инсонро мерасонем. Ин роҳ соҳиб дорад, Худоро шукр ҳеҷ сахтие надоштем. Ӯ зуд даъват карда ва ҳама ниёзҳоро таъмин мекунад. Ҳамонтавр, ки ба меҳмонӣ меравед ва мизбон ҳама чизро дар ихтиёратон мегузорад. Инҷо низ имом Ҳусайн (а) худаш ҳамаи эҳтиёҷоти меҳмононашро муҳаё мекунад. Ман борҳо шоҳид будам, ки ҳатто бо меқдори каме ғизо, теъдоди зиёде аз мардум сер шуданд ва роҳи худро идома доданд.

Зоире аз Покистон

  • Яке аз масъалаҳое, ки қабл аз омадан ба инҷо ба он фикр мекардем, ин буд, ки бояд ғизои зиёде ҳамроҳи худ биёварем. Вале вақте ба инҷо расидем фаҳмидем ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорем.

Зоире аз Индонезия

  • Дар масири Наҷаф ба самти Карбало пуле харҷ накардам чун мардуми инҷо истиқбол ва пазироии хубе карданд. Ғизо, обу макон барои истироҳатро ба сурати комилан роягон дар ихтиёри мо қарор доданд.

Зоире аз Туркия

  • Инҷо барои хурдан ва ошомидан ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад. Ҳар касе бихоҳад метавонад биёяд ва зиёрат кунад. Омадан ба ишқи имом Ҳусайн (а) савоби зиёде дорад.

Зоире аз Австралия

  • Ғизо ҳаст, об ҳаст. Дар ҳар ҷое дар он ба чизе эҳтиёҷ пайдо кунед ҳама чиз мавҷуд ҳаст.

Зоире аз Австралия

  • Аслан мумкин нест гурусна бимонед. Вақте аз мукиби дустам меомадам аслан гурусна нашудам ва дар маиср ҳам ғизо фароҳам буд. Вақте гурусна ҳастед танҳо кофист дар бораи ғизо фикр кунед то дар ихтиёри шумо қарор гирад. Шигифтангез аст.

Зоире аз Арабистон

  • Алҳамдуллилоҳ дар ин ҷо ҳамаи хадамот барои зоирон фароҳам аст. бинобарин зоир ба пули зиёде ниёз надорад. Тамомии имконоте, ки зоир ниёз дорад, ба сурати роягон барояш фароҳам аст ва дар ихтиёри ӯст. Дар заминаи ғизо ва маводи мушобеҳ, зоир ба пул ниёз надорад. Дар тули масир ғизо ба сурати роягон миёни зоирони Абдиллоҳил Ҳусайн (а) тавзеъ мешавад.

Зоире аз Ҳинд

  • Мо на эҳсоси ташнагӣ кардем ва на эҳсоси гуруснагӣ ҳама чиз дар инҷо вуҷуд дорад.

Зоире аз Тайланд

  • Ҳамонгуна, ки мебинед мардуми Наҷаф ва Карбало мизбони мо ҳастанд ва ҳамонтавр, ки мебинед мукиб ҳам доранд, барои ҳамин ниёзе нест нигарони ғизо бошем. Мушкил ин аст, ки мо эҳсоси шармандагӣ мекунем. Аз ин бобат, ки маҷбур шавем дасти ашхосеро, ки ба мо ғизо таоруф мекунанд, рад кунем.

Зоире аз Арабистон

  • Худоро шукр дар масир ҳама чиз роягон аст. Дар кули масир аз Наҷаф ба сӯи Карбало ҳамаи хадамот роягон аст. Ғизо роягон аст, ҷои хоб роягон аст. Тамоми масир тамиз аст ва амният вуҷуд дорад. Алҳамдуллилоҳ раббул оламин аз фазлу бахшиши Худованд ва аҳли байт ва або Абдиллоҳил Ҳусайн (а) аст. Лаббайк ё або Абдиллоҳ

Зоире аз Фаронса

  • Касе, ки дар ин роҳ аз Наҷаф ба Карбало меравад наметавонад бигуяд дар тули масир гурусна мондам.

Зоире аз Ҳинд

  • Дар ин масир дар ҳар ҷое ғизо ва ошомиданӣ ёфт мешавад. Ҳар чизе, ки бихоҳед ёфт мешавад.

Зоире аз Уммон

  • Алҳамдулиллоҳи раббил оламин дар ҳамаи мукибҳо, обу чой ва ғизо фароҳам аст. Пас ҳар фарде, ки гурусна бошад фақат кофӣ аст яке аз мукибҳоро интихоб кунад ва ҳар ғизое, ки бихоҳад дар онҷо майл кунад. Алҳамдулиллоҳи раббил оламин анвои ғизоҳо ва бастаҳои ғизоӣ дар масири Наҷаф ба Карбало мавҷуд аст.

Зоире аз Озарбойҷон

  • Мо барои хурдан ва ошомидан ба инҷо наомадаем. Мо барои имом Ҳусайн (а) омадаем. Инҷо барои имом Ҳусайн (а) гурусна мешавем. Ташна ҳам мешавем ҳар коре аз дастамон бар биёяд дар роҳи имом Ҳусайн (а) анҷом медиҳем.

Зоире аз Берег Слоновой Кости

  • Аз мардуми Ироқ ташаккури вижае мекунам чун бисёр меҳмоннавоз ҳастанд. Ин чаҳорумин маротиба аст, ки дар ин зиёрат ширкат мекунам. Вале то ба ҳол аслан дар ин масир ғизо нахаридем, ғизо роягон аст. Мардуми Ироқ тамомии ин хидматҳоро ба хотири имом Ҳусайн (а) ироа мекунанд.

Зоире аз Тайланд

  • Ҳеҷ мушкиле бобати ғизо ва макон барои истироҳат вуҷуд надорад. Ҳамонтавр, ки мебинед барои 20 миллион нафар ҳам ғизо ва ҳам макон барои истироҳат фароҳам аст. Ин ҳақиқат дорад, ҳеҷ кас бовар намекунад. Лизо бояд ба роҳпаймоии Арбаини имом Ҳусайн (а) биёянд то битавонанд ҳарфи моро бовар кунанд. Ба умеди Худо