Октябр 19, 2019 19:39 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Низомиёни Туркия шимоли Сурияро тарк намекунанд

Раисҷумҳури Туркия бо вуҷуди тавофуқи оташбас таъкид кард, низомиёни кишвараш манотиқи ал-Раққа ва ал-Ҳасака дар шимоли шарқи Сурия, ки Анкара онҳоро маҳалли фаъолияти террористҳо мехонад, тарк нахоҳанд кард.

Ба гузориши ИРНА, Раҷаб Тайиб Эрдуғон таъкид кард, ки бар асоси тавофуқи оташбаси муваққат миёни Анкара ва Вашингтон, нерӯҳои Туркия аз манотиқе, ки дар шимоли шарқи Сурия таҳти контроли худ гирифтаанд, хориҷ нахоҳанд шуд.

Эрдуғон бо ишора ба ин ки ҳанӯз байни Амрико ва Туркия дар хусуси умқи минтақаи ба истилоҳ амн дар шимоли Сурия ихтилоф вуҷуд дорад, гуфт, минтақае, ки Анкара ба унвони минтақаи амн эълом хоҳад кард, 32 километр хоҳад буд, на 22 километр.

Таҷовузи низомии артиши Туркия ба шимоли Сурия мавсум ба амалиёти “Чашмаи сулҳ” рӯзи чаҳоршанбе 9 октябр ба баҳонаи “муқобила бо терроризм” ва “поксозии марзи Сурия ва Туркия” аз ҳузури шибҳинизомиёни курд, ки Анкара онҳоро террорист мехонд, оғоз шуд.

Ин дар шароите аст, ки ин амалиёт бо маҳкумияти мардум ва давлати Сурия ва ҳамчнин ҷомеаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шудааст.

 

Барчасп